Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Мо чунин бедилу дилбар натавонем нишаст,

Мо чунин бедилу дилбар натавонем нишаст, Низ бе он маҳи анвар натавонем нишаст. Беҳ аз он нест, ки чун сабза ба пояш афтем, Гар бад-он сарви суманбар натавонем нишаст. Бе сару пой чу гӯйем дар ин раҳ ғалтон, Ба сари дӯст, ки бесар натавонем нишаст. Медавам соясифат дар пайи ту, эй хуршед, Ки ҷудо аз ту мукаддар натавонем нишаст. Рӯйи исломи ман ар рафт зи зулфат бар бод, Дон, ки дар ҳалқаи кофар натавонем нишаст. Медароям зи суйи равзани ту чун зарра, Беш чун гард бар он дар натавонем нишаст. Чӣ диҳӣ панд, ки бе дӯст ба ишрат манишин, Эй бародар, ки бар озар натавонем нишаст. Ҳамчу лола сари Носир биравад зуд ба бод, Ки даме бе маю соғар натавонем нишаст.
Мо чунин бедилу дилбар натавонем нишаст, | Шоирон