Дасти ман ҳамчу дилу дил чу даҳонат танг аст,
Дасти ман ҳамчу дилу дил чу даҳонат танг аст,
Ашки ман бо маю май бо лаби ту ҳамранг аст.
Ҳама то боди сабо зулфи ту доранд ба чанг,
Ба ҷуз аз ман, ки маро боди сабо дар чанг аст.
Ман дуо гӯям, агар дӯст бигӯяд дашном,
Мо ба сулҳем, агар ёр ба мо дар ҷанг аст.
Чанг дар ман мазан, эй воизу маъзурам дор,
Ки дили ман ба маю гӯш ба бонги чанг аст.
Ҳар кӣ наздик ба ақл аст, бувад дур аз ишқ,
Ки миёни хираду ишқ басе фарсанг аст.
Дар раҳи ишқ агар меравӣ, инак сару санг,
Ки дар ин бодия ҳар ҷой саре бар санг аст.
Майли Носир ба суйи роҳи Ироқ асту Ҳиҷоз,
Мутрибо, з-ин ду мақомат ба кадом оҳанг аст?