Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ёр гар аз дида пинҳон аст, пайдо дар дил аст,

Ёр гар аз дида пинҳон аст, пайдо дар дил аст, Гар ба сурат мекунад дурӣ, ба маънӣ восил аст. Ман ба сар оям ба сӯйи ӯ чу об ошуфтавор, Гар наояд сарви мо, шояд ки пояш дар гил аст. Ман чу сарвам истода пеши ӯ бар як қадам, Ӯ чу шохи ёсуман ҳар дам ба сӯе моил аст. Пардаи танро ба оҳи дил бихоҳам сӯхтан, З-он ки ӯ андар миёни ҷону ҷонон ҳоил аст. Сирри пинҳон аст Ҳақро бо даҳонат дар миён, Ҳар кӣ воқиф нест аз асрори ҳуснат, ғофил аст. Ту маро ҷонию ман худро чу қолаб дидаам, Гар ҷудоӣ бар ту осон аст, бар ман мушкил аст. Нест Носирро ба олам ҷуз висолат ҳосиле, Ҳар киро ҳосил нагардад васли ту, беҳосил аст.