Чун мастии он наргиси пурфитна мудом аст,
Чун мастии он наргиси пурфитна мудом аст,
Гӯши ману бонги наю дасти ману ҷом аст.
Гар ахтари мақсуд ба мо хуш набарояд,
Моро рухи зебои ту, эй моҳ, тамом аст.
Рухсори туро лолаи дилсӯха ҳиндуст,
Гесӯйи туро савсани озода ғулом аст.
Хуш бод шабу рӯзи ту, эй бод, ки доим
Ман дуру туро раҳгузар он гӯшаи бом аст.
Носир ба хароботи муғон дӯш гузар кард,
Бишнуд нидое, ки «туро хирқа ҳаром аст!»