Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Гул аст он, ки зи ҳуснаш ҷаҳон гулистон аст,

Гул аст он, ки зи ҳуснаш ҷаҳон гулистон аст, Аз ӯ ба ҳар чамане сад ҳазор дастон аст. Чу ғунча гар даҳани ӯ ба ханда пайдо шуд, Ҳанӯз зери лабаш хандаҳои пинҳон аст. Дили санавбарии ғунчаро сабо бирабуд, Ки сарв бар сари гул ҳамчу бед ларзон аст, Бирез хуни суроҳӣ, ки хунбаҳо, соқӣ, Ҳазор ҷони гиромӣ диҳему арзон аст. Маро ту умрӣ, агар аҳд бишканӣ, чӣ аҷаб, Ки аҳди умр ба мо сахт сустпаймон аст. Дуост рӯи туро сурате, ки бар варақ аст, Шифост шаҳди туро ояте, ки дар шон аст. Чу боди субҳ дам аз зулфи ӯ мазан, Носир, Дар ин ҳадис, ки печидаву парешон аст.