Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Тоқи абрӯи ту манзилгаҳи беморон аст,

Тоқи абрӯи ту манзилгаҳи беморон аст, Доми гесӯи ту маъвои гирифторон аст. Чашми ҷодуи ту шуд пешрави айёрон, Зулфи ҳиндуи ту сарҳалқаи тарророн аст. Рӯзу шаб мори сари зулфи ту дар чашми ман аст, То чӣ чашма-ст, ки оромгаҳи морон аст. То чу Юсуф ту паси парда нишастӣ, эй дӯст, Бар сари кӯйи ту ғавғои харидорон аст. Чашми ман равшанӣ аз хоки дари майкада ёфт, Равшан он дида, ки хоки дари хамморон аст. Хонабардор шавад ринд, ки дар мазҳаби ишқ Солик он аст, ки дар ҳалқаи майхорон аст. Бар буногӯши ту шуд зангии холи ту муқим, Боғи фирдавс чаро ҷойи гунаҳкорон аст? Мардум аз суҳбати ағёр агар меноланд, Нолаву зории Носир ҳама аз ёрон аст.