Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Зи чашмам хуни дил ҳар шаб равон аст,

Зи чашмам хуни дил ҳар шаб равон аст, Саришки хуниям аз шабравон аст. Давон як шаб равонам аз Шамохӣ, Ки ҷону дил маро дар Шобирон аст. Саманди азмро барбастаам зин, Ҳамин дам ашки гулгунам равон аст. Рикобам гар гарон бошад, макун айб, Ки бо ман бахти гумраҳ ҳамъинон аст. Сабук бори сафар мебаст Носир, Вале ҷон бар танаш бори гарон аст.
Зи чашмам хуни дил ҳар шаб равон аст, | Шоирон