Ҷонам фидои ҷонон, гар майли ӯ ба ҷон аст,
Ҷонам фидои ҷонон, гар майли ӯ ба ҷон аст,
Фармони дилпазираш бар ҷони мо равон аст.
Дар пойи сарви қаддаш афтодаам ба хорӣ,
Ман хоки остонат, рӯям ба остон аст.
Аз дил суйи забонам оташ занад забона,
Дарди саре ки дорам, чун шамъ аз забон аст.
Ҳар дам миёни ӯро гирад камар каноре,
Афканд бар канораш сирре, ки дар миён аст.
Чашмаш ба тири ғамза бинвохт синаамро,
То ҳашр дар дили ман аз тири ӯ нишон аст.
Чун боди субҳ як дам бар мо наменишинад,
Бар вай гирифт натвон, чун нозуки ҷаҳон аст.
Носир чу маҳ ба як нон бикшой рӯза ҳар шаб,
З-он рӯ ки рӯйи дунон дар дида чун синон аст.