Пеши он сарви равон оби рухи ман оби ҷӯст,
Пеши он сарви равон оби рухи ман оби ҷӯст,
Обхурди сарви мо гӯйӣ магар аз оби рӯст.
Қосиди хун аст моро, он ки мегӯем ёр,
Душмани ҷон аст моро, он ки медорем дӯст.
Аз заифӣ тори мӯе шуд вуҷудам в-ин аҷаб,
К-аз вуҷуди ман миёнаш камтар аз як тори мӯст.
Мекашад дил сӯйи хешу ҷони худ мехонадаш,
Солҳо шуд, то миёни ҷону тан ин гуфтугӯст.
Гул аз он машҳури офоқ аст дар тардоманӣ,
К-ӯ шуда қонеъ зи рухсори бутам бо рангу бӯст.
Мекунам ҳар сӯ талабкорию матлубам дил аст,
Мешавам ҳар чизро қосид, вале мақсуд ӯст.
Носир андар оби дида нақши рӯяш дида буд,
Рӯзу шаб гирён, магар он нақшро дар ҷустуҷӯст?