Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Сари умед ниҳам бар замини ҳазрати дӯст,

Сари умед ниҳам бар замини ҳазрати дӯст, Ба бӯйи он ки мушарраф шавам ба суҳбати дӯст. Наъими ҳар ду ҷаҳон додаам баҳои ғамаш, Кадом давлати шоҳӣ расад ба давлати дӯст? Агар чу шамъ бибурранд душманон сари ман, Ба дӯстӣ, ки натобам сар аз муҳаббати дӯст. Шикоят аз ғами даврон камоли беадабист, Чу рӯзгор мутеъ аст бар иродати дӯст. Зи дӯстон ба ҷафо тарки аҳд натвон кард, Манофеъе чу ниҳон аст дар мазаррати дӯст. Нидои ғайб шунидаст борҳо Носир, Ки марди ишқ нанолад зи дарду меҳнати дӯст.