Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дод боди субҳдам бо ошиқон пайғоми дӯст,

Дод боди субҳдам бо ошиқон пайғоми дӯст, Бурд оромам ба бӯйи зулфи беороми дӯст. Хок мегуфтам шавам, то дар қадамҳояш равам, Боз мегӯям нашинад гард бар ақдоми дӯст. Борҳо рафтам ба хидмат бар дараш, борам надод, Ҳар гадоеро набошад давлати худдоми дӯст. Дид чун гулғунча ӯро, кард пироҳан қабо, Пора кард андоми худ аз ғайрати андоми дӯст. Рӯзгоре бо чунин зорию дарду ҳаҷру васл, Дар гумон ҳаргиз набудам, хоса дар айёми дӯст. Зинҳор аз зарраҳои хоки раҳ ёд оварӣ, Гоҳу бегоҳ, эй сабо, гар бигзарӣ бар боми дӯст. Воизо, пандам мадеҳ, к-аз дасти ӯ хӯрдам шароб, Бода оби зиндагонӣ мешавад дар ҷоми дӯст. Номи ӯ вақти шаҳодат гӯ чу теғам мезанӣ, То агар боре бимирам, ҷон диҳам бар номи дӯст. Ман бад-ин ишқ аз ҳама дунёву уқбо фориғам, Ғайри дини ошиқон куфр аст дар исломи дӯст. Муддаӣ, чанд аз ҷафо ташвиши гӯшам медиҳӣ? Гӯши мо осуда аст аз лаззати дашноми дӯст. Кори Носир барнамеояд ба кӯшиш аз лабаш, Чанд коми душманон бинем бар нокоми дӯст.