Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Сарви равон чу қадди баландат зариф нест,

Сарви равон чу қадди баландат зариф нест, Оби ҳаёт чун лаби лаълат латиф нест. Хат душман аст ҳусни туро, андакаш мабин, Мӯре, ки дасти шер бипечад, заиф нест. Моро шараф ба пеши ҷаноби ту мурдан аст, Умре, ки бе ту мегузаронам, шариф нест. Ҳамдарди ман наянд ҳарифони рӯзгор, Соқӣ, биёр бода, ки моро ҳариф нест. Дар байти Носир ой, нигоро, чу қофия, З-он пештар, ки банд шавад, чун радиф нест.
Сарви равон чу қадди баландат зариф нест, | Шоирон