Масҷиду майкада дар мулки Худо ин ҳама ҳаст,
Масҷиду майкада дар мулки Худо ин ҳама ҳаст,
Фисқи пинҳонию зуҳди бариё ин ҳама ҳаст.
Аз пайи шоҳиду май сарзанишам чанд кунӣ?
Бирав, эй хоҷа, ки дар мазҳаби мо ин ҳама ҳаст.
Воизо, дафтари бадномии ушшоқ махон,
Ҳеҷ шак нест, ки бар лавҳи қазо ин ҳама ҳаст.
Рӯйи мақсуд ҳама кас натвонад дидан,
Дар ҷаҳон чоҳу раҳу кӯру асо ин ҳама ҳаст.
Ҳар саодат, ки кулаҳгӯшаи шоҳон дорад,
Ба сари дӯст, ки дар далқи гадо ин ҳама ҳаст.
Охир, эй мурғи саҳар, аз ситами хор манол,
Дар чаман шохи гулу барги гиё ин ҳама ҳаст.
Носиро, меҳнату роҳат мутаоқиб бошад,
Ғам махур, неку баду дарду даво ин ҳама ҳаст.