Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

На ҷуз ту аҳли дилро дилбаре ҳаст,

На ҷуз ту аҳли дилро дилбаре ҳаст, На аз ту дар ҷаҳон ширинтаре ҳаст. Нисори гарди роҳат гар диле буд, Фидои хоки поят ҳам саре ҳаст. Дари васлат ба рӯям баста бодо, Ҷуз ин дар ду ҷаҳонам гар даре ҳаст. Ба зулфат баста натвон шуд ҳама умр, Ки моро низ савдову саре ҳаст. Касе гардад надими хилвати хос, Ки чун шамъаш зи оташ афсаре ҳаст. Ба дарвешӣ мабин моро, ки моро Аз оби чашми гулгун гавҳаре ҳаст. Дил аз тақлид холӣ кун, ки мақсуд Бурун аз куфру имон дигаре ҳаст. Тавофи дайр кун давре, ки ӯ низ Зи мулки лоязолӣ кишваре ҳаст. Накардӣ ёд аз Носир, ки моро Ғуломе ё саге, ё чокаре ҳаст.