Девона гаштам бар рухат, девонаро тадбир чист?
Девона гаштам бар рухат, девонаро тадбир чист?
Занҷир бар дасташ бинеҳ, ӯро беҳ аз занҷир чист?
Гар ман на сармастам, чаро ошуфта мегӯям сухан
В-ар ман на лояъқил шудам, дар ақли ман тағйир чист?
Чашми ту ҳар дам мекушад сад ошиқу ман зиндаам,
Гар толеъи ман нест бад, дар кори ман тақсир чист?
Чун тирборони бало аз чашму абрӯ мекунӣ,
Барбаста таркаш бар миён, боз ин камону тир чист?
Дар вақт дидам моҳро дӯшина рӯ бар рӯйи худ,
Ҷуз он ки бинам рӯйи ту, хоби маро таъбир чист?
Гуфтӣ ба ҷоне медиҳам бӯсе, бидеҳ, гар медиҳӣ,
Таъхир то кай мекунӣ, мӯҷиб дар ин таъхир чист?
Гар Носир аз зулфу рухат як рӯз бурдӣ коми дил,
Ин гиря дар вақти саҳар в-он нола дар шабгир чист?