Субҳдам бар остонаш бедиле хуш мегирист,
Субҳдам бар остонаш бедиле хуш мегирист,
Кас нагуфташ, к-аз куҷоӣ, хуни дил аз баҳри чист?
Даҳр чун гул менишонад ҳар дамам дар хоку хун,
Хоки хорӣ бар сари ман, ин чӣ умр аст, ин чӣ зист?
Дар шаби ҳиҷрон ба шамъе суҳбатам афтода буд,
Гоҳ ман бар шамъу гоҳе шамъ бар ман мегирист.
То сарам барҷост, сар то по фидои номи туст,
Аз сари сар даргузаштан саҳл кори сарсарист.
Кушт Носирро камони абруят аз тири чашм,
Куштаи худро ту боре ҳеҷ медонӣ, ки кист?