Шеваи лаъли шакарбори ту ширинкорист,
Шеваи лаъли шакарбори ту ширинкорист,
Одати наргиси ошуфтаи ту хунхорист.
Лозими ҷаъди парешони ту саргардонист,
Ҳамдами ғамзаи ханҷаркаши ту беморист.
Сураи хатти ту дар мусҳафи оёти камол
Баҳри кӯтаҳназарон аз ту хати безорист.
Сари зулфи ту дилам бурду нигаҳ медорад,
Зоҳиран дар сари зулфат ҳаваси дилдорист.
Гар ба меҳмонии мо нақши рухат ранҷа шавад,
Хонаи дидаи мо лоиқи мардумдорист.
Най, ки пайваста расад аз лаби дилдор ба ком,
Бенаво нест, надонам, ки чаро дар зорист?
Мо на мастему на ҳушёр, вале бохабарем,
Ки на мастему на ҳушёр ҳам ин ҳушёрист.
Зориям дӯш ба гӯши саги кӯйи ту расид,
Гуфт: Моро ҳама дарди сар аз ин бозорист.
Муддаӣ гуфт, ки Носир зи яке зарра кам аст,
Нисбати иззати ушшоқи дараш аз хорист.