Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Бода дар ишқ ёри ғамхорест,

Бода дар ишқ ёри ғамхорест, Босафо бод, ҳар куҷо ёрест! Зоҳиду зуҳду мову қаллошӣ, Майли ҳар кас ба ҷониби корест. Фориғ аз ҷаннатам ба дидорат, Ки аз ӯ ҳам мурод дидорест. Сӯзам ин хирқа, то ҳама бинанд, Ки дар ин далқи куҳна зуннорест. Андак-андак зи ҳоли Носир пурс, Пурсиши андаки ту бисёрест.
Бода дар ишқ ёри ғамхорест, | Шоирон