Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳар чӣ на ишқ аст, ҳама кофирист,

Ҳар чӣ на ишқ аст, ҳама кофирист, Саҷда, ки бе сидқ бувад, бутгарист. Ин сар агар дар қадами ӯ равад, Салтанати инсарию онсарист. З-оташи ӯ ҳар чӣ ки дорӣ, бисӯз, Чеҳра чу зар кун, чӣ ғами безарист. Ошиқи ӯ гар ту набошӣ, мабош, Моҳи маро ҳар ду ҷаҳон муштарист. Иззати боз аз пайи хомӯшияст, Хории булбул зи забоноварист. Дард ҳамебояду не гуфтугӯй, Ишқ на дар банди сухангустарист. Носир, агар аҳли дилӣ, ҷон бидеҳ, В-ар надиҳӣ, мазҳаби танпарварист.