Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Чашмам ба ёди лаъли ту дӯшина хун гирист,

Чашмам ба ёди лаъли ту дӯшина хун гирист, Бе сунбули ту наргиси ман лолагун гирист. Дарёб, эй фузуншуда аз ҳадди дилбарӣ, К-ин чашми ашкбори ман аз ҳад фузун гирист. Пинҳон зи дида ёди ту аз хотирам гузашт, Хандид аз дарун дилу чашм аз бурун гирист. Хандам ба гиря дар, чу накӯхоҳ гӯядам, Некӯ шавад ҳар оина он, к-аз ҷунун гирист. Сӯзест дар дили манн, агар синае бисӯхт, Хун дар канор дорам, агар дида хун гирист. Он оби чашмҳо, ки зи пул мебарад сутун, Аз чашми ошиқест, ки дар Бесутун гирист. Носир агар зи ишқи ту гиряд, аҷаб мадор, Доим зи захми панҷаи ғолиб забун гирист.