Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ё Раб, он авҷнишин кавкаби сайёраи кист?

Ё Раб, он авҷнишин кавкаби сайёраи кист? Назари он маҳи бемеҳр ба истораи кист? Ашки сурху рухи зарду дили гарму дами сард, Шамъи дилсӯхтаро з-оташи рухсораи кист? Дили булбул зи ҷафои гул агар пора шудаст, Дили гул, ҳеҷ надонем, ки садпораи кист? Ғарқаи хуни ҷигар монда чу гул бар сари хор, Бозпурсед, ки хорам зи дили хораи кист? Чини зулфи ту, ки чун шоми ғарибон тира-ст, Дар хами ҳар сари мӯяш дили овораи кист? Дили хунхораи ман ташна ба хуни лаби туст, Лаби ту ташна ба хуни дили хунхораи кист? Чорае гар накунӣ дарди дили Носирро, Вақти ҷон додани ӯ пурс, ки бечораи кист?