Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Маро эй моҳ, рӯзе бе ту солест,

Маро эй моҳ, рӯзе бе ту солест, Туро ҳар дам зи муштоқон малолест. Агарчи аз фироқат дар ваболам, Мудомам бо хаёли ту висолест. Дили маҷрӯҳи ман гум шуд вагар боз Зи хун бар лаъли ту холест, холест. Ба коми мо даҳонат хуш ҳадисест, Ба чашми мо миёнат хуш хаёлест. Чу най менолам андар чанги ҳиҷрон, Танам з-ин нола нолон ҳамчу нолест. Чаро булбул намурдӣ бе рухи гул, Туро аз ошиқи худ қилу қолест. Ҳама нуқсони худ бин ҳамчу Носир Машав худбин, ки он айнулкамолест.