Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Хонаи дидаи ман раҳгузари дарёест,

Хонаи дидаи ман раҳгузари дарёест, Ки шабу рӯз дар ӯ ҳиндуи мардумзоест. Рӯйи мо оби равону гули зарде дорад, Ба тафарруҷ гузар, эй дӯст, ки хуш маъвоест. Бо ту гардун агар аз моҳ нагардад, дунест, Бо лабат луълу агар лоф занад, лолоест. Ба чӣ рӯ моҳ ба рӯйи ту баробар гардад, Ӯ ки ҳар шаб ба дигар манзилу ҳар шаб ҷойест?! Аз лаби лаъли ту ҳар дилшудаеро сӯзест, В-аз сари зулфи ту ҳар силсилае дар поест. Рашк меоядам аз хоки гулистон, ки мудом Дар канораш зи гулу сарву суман болоест. Носиро, чашмаи нӯши ту ба коме нарасид, Гарчи аз васфи лабат тӯтии шаккархоест.