Зи куфри зулфи ту ислом дар парешонист,
Зи куфри зулфи ту ислом дар парешонист,
Зи чашми кофари ту фитна дар мусулмонист,
Ҳазор кони латофат нуҳуфта дар лаби туст,
Ки он ақиқи гуҳарпӯш ҷавҳари конист.
Ҳар одамӣ, ки надонад камоли ҳусни туро,
Яқин шинос, ки он аз камоли нодонист.
Мусаххари ту агар ҷинну инс шуд, чӣ аҷаб,
Даҳони танги ту чун хотами сулаймонист.
Туро ба чоҳи занахдон, к-аз оби Хизр пур аст,
Ҳазор Юсуфи дил уфтода зиндонист.
Ҳар он гадой, ки дар кӯйи хубрӯён рафт,
Гадо магӯй, ки ӯ дар мақоми султонист.
Гузор, то лаби худ бар лабат ниҳад Носир,
Ки бо даҳони туаш розҳои пинҳонист.