Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дар шаҳри ёр пухтаи мо ҷуз кабоб нест,

Дар шаҳри ёр пухтаи мо ҷуз кабоб нест, В-аз ҳамдамони куҳна касе ҷуз шароб нест. Ҳамсуҳбате, ки бо ҳама кас хушсухан бувад, Бисёр ҷустаему ба ғайр аз рубоб нест. Рӯй аз бисоти даҳр ба шатранҷ кардаем, К-аз шоҳи ӯ вуҷуди касеро азоб нест. Бо нози шоҳидон, ки чу коғаз дурӯяанд, Моро чӣ кор, шоҳиди мо ҷуз китоб нест. Соқӣ, биёр май, ки наёбад мақоми нур, Ҳар кас, ки ҳамчу чашми ту масту хароб нест. Гӯши ману навои най акнун, ки дар ҷаҳон Роҳе ба ғайри роҳи муғаннӣ савоб нест. Носир ба коми дил нарасад ҳаргиз аз дуо, Гӯӣ дуои маст магар мустаҷоб нест?!