Ишқ падидор ҳаст, ёр падидор нест,
Ишқ падидор ҳаст, ёр падидор нест,
Партави дидор ҳаст, ёрии гуфтор нест.
Дар раҳи ӯ солҳо рафтаму суде надошт,
Бар дари ӯ борҳо омадаму бор нест.
Даъвии ёрии ӯ кардаму суде набуд,
Ёрии мо ботил аст, ёр агар ёр нест.
Бар сари бозори ишқ ёр ба ҷон мехаранд,
Гарчи ки савдои ишқ бар сари бозор нест.
Тарки ҳама кору бор кардаму савдои ишқ
Кори ман асту маро беҳтар аз ин кор нест.
Хостам аз зулфи ӯ риштаи зуннор, гуфт:
Рав, ки чу ту муштарӣ лоиқи зуннор нест.
Носир, тӯтӣ шаву ишқ чу парвона боз,
Майл ба шаккар макун, ҷойи ту ҷуз нор нест.