Нола ёдат медиҳад, к-аз бедилонат ёд нест,
Нола ёдат медиҳад, к-аз бедилонат ёд нест,
Лек ӯ бод асту аз вай ҳосиле ҷуз бод нест.
Дар раҳат аз нотавонӣ оби чашмам мебарад,
Дигарам ҷуз ашки гулгун ҳеч истеъдод нест.
З-оташи ишқи ту сӯзад хилвати дил ҳар замон,
Хонаи ҳастии мо з-он рӯ қавибунёд нест.
Дилбари ширин ба олам сад ҳазоронанд, лек
Ошиқи шӯридаву ширинтар аз Фарҳод нест.
Кӯйи ҷонон дуру шаб торику ҷон бори гарон,
Қосиди мо боду он тоқат, ки ӯро бод, нест.
Гар ба гӯши ӯ расад фарёд, фарёдам рассад,
Кай расад, чун аз заифӣ тоқати фарёд нест.
Носиро, дар роҳи маънӣ беш аз ин бешӣ маҷӯй,
Саъйи мо ботил бувад, чун бахт модарзод нест.