Ҷони мо бе шарафи суҳбати ҷонон хуш нест,
Ҷони мо бе шарафи суҳбати ҷонон хуш нест,
Ҳукми султони висол аст, ки ҳиҷрон хуш нест.
Бе лабу орази ӯ дида надорад нуре,
Бе вуҷуди гулу мул тарфи гулистон хуш нест.
Соқиё, бодаи равшан, ки ҷаҳон торик аст,
Мутрибо, нағмаи хуш соз, ки даврон хуш нест.
Чанд пӯшида хурам ҷоми ғамаш моломол,
Ошкоро кунам ин роз, ки пинҳон хуш нест.
Дилам аз хотами лаълаш талабад оби ҳаёт,
В-арна умри Хизиру мулки Сулаймон хуш нест.
Ҳусни маънӣ дили мо бурд, на лутфу сурат,
Гар бувад меҳр мунаввар, тани беҷон хуш нест.
Эй табиб, аз сари бемори муҳаббат бигузар,
То бимирад ба ҳамин дард, ки дармон хуш нест.
Сари Носир талабӣ, беҳ, ки биҷӯйӣ сомон,
Сари савдозадаи ишқ басомон хуш нест.