Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Набвад зи панд фоида онро, ки ҳуш нест,

Набвад зи панд фоида онро, ки ҳуш нест, Бо ман забон машав, ки маро бо ту гӯш нест. Булбул, макун нафир, ки парвонаро зи ишқ Месӯзад андаруну забони хурӯш нест. Ошиқ магӯй муддаиеро, ки пеши ӯ Аз сӯйи ёр неши мусовии нӯш нест. Деги умед шояд, агар сарду хом шуд, Онро, ки хун з-оташи савдо ба ҷӯш нест. Дерест, то зи пардаи тақво бурун шудам, Бишнав ҳикояте, ки дар ӯ рӯйпӯш нест. Зоҳид, макун ба рӯйи туруш манъи майкада, К-он майфурӯш ҳамчу ту сиркафурӯш нест. Носир, гар аз саволи висолаш шудӣ хамӯш, Ашки ту соилест, ки ҳаргиз хамӯш нест.
Набвад зи панд фоида онро, ки ҳуш нест, | Шоирон