Ҳамчу рухсори ту маҳ бар гӯшаи афлок нест,
Ҳамчу рухсори ту маҳ бар гӯшаи афлок нест,
Ҳамчу болои ту сарве дар чаман чолок нест.
Меҳр ҳусне дорад, аммо нест эмин аз завол,
Гул туро монад, дареғо, домани гул пок нест.
Ё Раб, аҷзои вуҷудат аз чӣ дархур кардаанд,
К-ин ҳама ҳусну латофат ҳадди обу хок нест?!
Бок аз он дорам, ки аз ман бар дилат бошад ғубор,
Гар аҷал аз ман барангезад ғуборе, бок нест.
Ғунча ҳар шаб дар ҳавоят медиҳад худро ба бод,
Бесабаб пироҳани гул ҳар саҳаргаҳ чок нест.
Роҳ бахшам бар дари худ, то даромезам ба хок,
Гарчи ин шахси заифам камтар аз хошок нест.
Носираш мегуфт: чун куштӣ, ба фитрокам бибанд,
Гуфт: Ин сайд аз заифӣ қобили фитрок нест.