Ошиқи саргаштаро парвои нангу ном нест,
Ошиқи саргаштаро парвои нангу ном нест,
Дастгири ошиқони хастадил ҷуз ҷом нест.
Нест раҳ дар базми риндон зоҳидони хушкро,
Маҷлисе, к-он ҷойи хосон аст, бори ом нест.
Масти дарди ишқро бо дунйию уқбӣ чӣ кор?!
Лоуболиро сари куфру ғами ислом нест.
Хомии ҷоми май аз хомони афсурдадил аст,
Дар миёни ошиқони пухта ҷойи хом нест.
Шод бод он кас, ки бар каф ҷоми май дорад мудом,
Некбахт аст он, ки ӯ бе шодии модом нест.
Ҳар кӣ баҳри донаи холи ту дар дом уфтод,
Беш уммеди халосаш то абад аз дом нест.
Вақтро дарёб, к-ин лутфу ҷавонию ҷамол
Хуррам айёмест, лекин такя бар айём нест.
Дӣ мудовои дили худ бозҷустам аз табиб,
Гуфт: Моро чораи ин дарди беором нест.
Ҳар касе гӯянд, Носир, ҳоли худ бо дӯст гӯ,
Ҳолате дорам ман андар дил, ки онро ном нест.