Ман дигар дам назанам, гарчи дамам ҳамдам нест,
Ман дигар дам назанам, гарчи дамам ҳамдам нест,
Худ маро заҳра, ки пеши ту барорам дам, нест.
Мардуми дида бурун мекунам аз хонаи чашм,
То набинад рухи хуби ту, ки ӯ маҳрам нест.
Дили сахти ту ба ҳангоми ҷафо чун санг аст,
Ин қадар ҳаст, ки дар аҳду вафо муҳкам нест.
Дӣ ба зорӣ зи буте меҳр талаб кардаму гуфт:
Тамаъ аз мо макун он чиз, ки дар олам нест.
Гуфтам: Аз дарди ту шаб то ба саҳар менолам,
Гуфт: Менол, ки ин дарди туро марҳам нест.
Чист айвони фалак? Хонаи мотамзодагон,
Ҳамаро ҳаст чунин, ё дили мо хуррам нест?
Як замон бе маю маъшуқ набошӣ, Носир,
Чун яқин нест, ки дар давлати шодӣ ғам нест.