Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Дили маҷрӯҳро парвои тан нест,

Дили маҷрӯҳро парвои тан нест, Шаҳиди ишқ муҳтоҷи кафан нест. Ба ғайри ишқ коре нест, в-ар ҳаст Ба ғайри ишқбозӣ кори ман нест. Чу рӯят моҳ бар гардун набошад, Ба болои ту сарве дар чаман нест. Маро дил мекашад ҷое, ки он ҷо Саборо заҳраи омад-шудан нест. Зи анҷум анҷуман кардаст гардун, Вале шамъе чу ӯ дар анҷуман нест. Ман аз ҳубби ватан рафтам ба хаммор, Ки ҷуз майхона риндонро ватан нест. Ба рӯят то назар кардаст Носир, Дигар ӯро сари гул ё суман нест.