Ошиқ, ки дур монд зи маъшуқ, зинда нест,
Ошиқ, ки дур монд зи маъшуқ, зинда нест,
Бар ман маханд, бахт, ки ин ҷойи ханда нест.
То ғойибӣ зи чашми ман, эй подшоҳи ҳусн,
Бе ту чӣ меҳнат аст, ки бар ҷони банда нест.
Гулгуни ашк рондаму дар ту намерасам,
Бо он ки ҳеҷ асб бад-ин сон даванда нест.
Бар ман бало шудаст забонҳои душманон,
Моро балои ишқи ту танҳо басанда нест.
Носир зи ту ҷудо нашавад, гар шавад ҳалок,
Ҷон кандаам, вале дилам аз ёр канда нест.