Кори ишқ аст агар пеши ту, инкоре нест,
Кори ишқ аст агар пеши ту, инкоре нест,
Ошиқи ҳусни бутонему ҷуз ин коре нест.
Дӯст набвад, ки ба дил майл надорад бо дӯст,
Ёр набвад, ки ба ҷон дар талаби ёре нест.
Баски дар ишқи ту озурд маро таъни рақиб,
Зор меноламу дар хотирам озоре нест.
Гар дилам ҳаст зи савдои ту бемор, хуш аст,
Хуштар аз наргиси махмури ту беморе нест.
Гар чу чашми ту ман ошуфтааму масту хароб,
Узрам он аст, ки дар даври ту ҳушёре нест.
Ақл дар ҳалқаи гесӯйи ту савдоӣ шуд,
Ки чунин гарм, ки бозори ту, бозоре нест.
Носир, аз гуфтаи худ гӯй ба мутриб ғазале,
Ки диловезтар аз шеъри ту гуфторе нест.