Ҳамчу рухсори ту гулро хати зангорӣ нест,
Ҳамчу рухсори ту гулро хати зангорӣ нест,
Норванро чу қадат чеҳраи гулнорӣ нест.
Соқиё, чун ҳама ранҷи дилам аз хештан аст,
Бидеҳ он бода, ки мастам, сари ҳушёрӣ нест.
Набувад шамъсифат ҳамнафаси маҷлиси хос,
Ҳар кӣ дилсӯхтаи оташи бедорӣ нест.
Дар мақоме, ки ба шоҳон натавон гуфт сухан,
Заҳраи зории саргаштаи бозорӣ нест.
Дилат озори дили хастадилон меҷӯяд,
Дар дили санг чунин расми дилозорӣ нест.
Чашми бемори ту моро садақоте надиҳад,
То чӣ ҳиндуст, ки ӯро ғами беморе нест?!
Гар ту дар бӯтаи ҳасрат нагудозӣ Носир,
Дирами қалби туро сиккаи ийёре нест.