Маро ба буъди макон аз шумо ҷудоӣ нест,
Маро ба буъди макон аз шумо ҷудоӣ нест,
Ки ҳар куҷо равам, аз доми дил раҳоӣ нест.
Ҳар он чӣ дар назарам ояд аз шамоили ту,
Ба ҷуз вазифаи шӯхию дилрабоӣ нест.
Дар он ҳарим, ки хилватсарои ҳазрати ӯст,
Ҷавозу манъ бар риндию порсоӣ нест.
Рақиб дид маро масту гуфт: Эй Носир,
Магар сулуки ту з-он рӯ, ки менамоӣ, нест?
Мани гадой наям марди роҳи ӯ, лекин
Ҳавои ишқ ба султонию гадоӣ нест.