Беш аз инам сари ин хотири шайдоӣ нест,
Беш аз инам сари ин хотири шайдоӣ нест,
Тоқати ин дили шӯридаи савдоӣ нест.
Ҳар замон аз ғами ишқам аламе пеш ояд,
Ки аз ӯ фоида ҷуз ҳосили расвоӣ нест.
Сояат бар сари ҳар банда, ки афтод, афтод,
Давлату бахт ба бозуи тавоноӣ нест.
Меҳр бо чеҳраи хубии ту чӣ нисбат дорад,
Моҳи рухсори ту танҳораву ҳарҷоӣ нест.
Кунҳи асрори ту ақлам натавонад дарёфт,
Қиссаи шавқи ту дар дафтари доноӣ нест.