Чу дид рӯйи ту дида, назар нигоҳ надошт,
Чу дид рӯйи ту дида, назар нигоҳ надошт,
Зи раҳ бирафт дили ман, ки рӯ ба роҳ надошт.
Бирехт хуни дилам турки чашми ту ба хато,
В-агарна дил ба ҷуз аз ошиқӣ гуноҳ надошт.
Зи саҳми теғи ту аз худ гурехтам дар ту,
Ки ғайри сояи лутфат дилам паноҳ надошт.
Рухат чу оина мешуд зи оҳи ман дар хат,
Вале зи заъф тани ман маҷоли оҳ надошт.
Чу шамъ сӯзи дилам пеши ҷамъ равшан кард,
Ба бод рафт сараш, чун забон нигоҳ надошт.
Дилам зи зулфу занахдони ӯ фурӯи чаҳ шуд,
Ки маст буду шаби тира фикри чоҳ надошт.
Гирифт Носир рӯйи замин ба теғи забон,
Чу офтоб ҷаҳонгир шуд, сипоҳ надошт.