Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Зулфат, ки ба ҳар ҳалқаи мушкин ҳунаре дошт,

Зулфат, ки ба ҳар ҳалқаи мушкин ҳунаре дошт, Монанди шаби қадр муборак саҳаре дошт. Ҳарчанд ки ман соғари андӯҳ кашидам, То чашм задам, соқии даврон дигаре дошт. Гар ёр ба мо кард назар, айни вафо буд, Нодида агар кард, дар он ҳам назаре дошт. Зуннор агар баст асире, чӣ кунад, оҳ, Дил дар хами он зулфи худобехабаре дошт. Дар саҳни чаман Носирии дил шуда имрӯз, Чун ғунча зи андӯҳи ту пурхун ҷигаре дошт.