Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Умрам ҳама он буд, ки дар кӯи ту бигзашт,

Умрам ҳама он буд, ки дар кӯи ту бигзашт, Мурдан беҳ аз он умр, ки бе рӯи ту бигзашт! Медод сабо бӯйи ту, дил рафт ба он бӯй, Аз бод дили гумшуда бар бӯи ту бигзашт. Дар ҷодуӣ аз чашми ту зулфат ба сар омад, Он турки Хито-турраи ҳиндуи ту бигзашт. Ҳар нола, ки ман бар забари чарх расондам, Тирест, ки аз синаи бадгӯи ту бигзашт. Имшаб ба яқин мегузарад ашки ман аз дӯш, Дар ҳасрати мӯе, ки зи зонуи ту бигзашт. Бишкофам, агар мӯй шавад нуктаи борик, Азбаски ба пеши назарам мӯи ту бигзашт. Носир дили худро ҳадафи тири бало сохт В-он гаҳ ба камонхонаи абрӯи ту бигзашт.