Шамъвор аз сар гузаштам, бишнав аз ман саргузашт,
Шамъвор аз сар гузаштам, бишнав аз ман саргузашт,
Оташам сар то ба по бигрифту об аз сар гузашт.
Рафт дил, чун меҳри лаъли ӯ ба ҷон пинҳон надошт,
Айни лутф аст он, ки ранги бода аз соғар гузашт.
Бо фароғи бол парвона висоли шамъро
Он замон ёбад, ки мардона зи болу пар гузашт.
Аз ҳадиси оташини ман дили коғаз бисӯхт,
Дуди оҳам чун ба нӯги хома бар дафтар гузашт.
Аз тани хокӣ ба оби дида биншонам ғубор,
Ӯ агар доманкашон хоҳад ба хокам баргузашт.
Эй, ки нашносӣ дили гарми маро аз оҳи сард,
Бозҷӯ як шамма аз сӯзе, ки бар миҷмар гузашт.
Домани мақсуд агар, Носир, намеояд ба чанг,
Ҳамчу сими ашк мебояд зи ваҷҳи зар гузашт.