Чун сабо дар кӯйи ту ошуфта бархоҳам гузашт,
Чун сабо дар кӯйи ту ошуфта бархоҳам гузашт,
Бар дарат бемор хоҳам рафту хоҳам даргузашт.
Хоки раҳ хоҳам шудан, то даҳр бар бодам диҳад,
Бар сари кӯйи шумо з-ин раҳгузар хоҳам гузашт.
Шаб ҳама шаб сӯхтам чун шамъ, ҳон, эй боди субҳ,
Бар сарам бигзар, ки бар бӯят зи сар хоҳам гузашт.
З-оташи дӯзах чӣ мепурсӣ хабар аз ман, ки ман
Бар сироти ишқ масту бехабар хоҳам гузашт.
Мудаӣ гар баҳри зар чун ғунча бошад тангдил,
Ман чу гул хандону хуш аз ваҷҳи зар хоҳам гузашт.
Баргузар, эй ҷони Носир, бар сарам хуш ҳамчу гул,
З-он ки дур аз рӯйи ту чун умр бархоҳам гузашт.