Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

То диле дорам, ман аз дилдор натвонам гузашт,

То диле дорам, ман аз дилдор натвонам гузашт, Бигзарам аз ҷон, вале аз ёр натвонам гузашт. Ҳар сари мӯе ҳиҷоби роҳи ман гардад, вале Аз сари мӯе қаландарвор натвонам гузашт. Бигзарам осон ман аз ҳар дар, ки бошад дар ҷаҳон, Аз дараш осон, агар душвор, натвонам гузашт. Мункирам ман зоҳиди зарроқи азрақпӯшро, Мекунам иқрор, к-аз инкор натвонам гузашт. Бар умеди софие афтодаам дар пойи хум, Ҳамчу дурдӣ аз хуми хаммор натвонам гузашт. Борҳо бигзаштаам аз хонақоҳу мадраса В-аз дари дайри муғон якбор натвонам гузашт. Корвони бод меояд зи кӯят мушкбор, Ҳаст аз он манзил дилам, дар бор натвонам гузашт. То сари зулфи чалипои ту шуд меҳроби дил, Кофирам, к-аз ҳалқаи зуннор натвонам гузашт.