Ман ошиқам, ки Каъба намедонам аз куништ,
Ман ошиқам, ки Каъба намедонам аз куништ,
Парвонаро дар оташи дӯзах бувад биҳишт.
Зоҳид, ту дар ҳимояти кирдори хеш бош,
Нашнидаӣ, ки гул даравад, ҳар кӣ хор кишт?
Иззат нигоҳ дор, ки якранги ваҳдатем,
Дар касрат аст ин ҳама талвини хубу зишт.
Бе ҷунбиши қалам қадами мо намеравад,
Моро чӣ ҷурм, гар қалами хат хато навишт?
Хоки маро ба риндию мастӣ сириштаанд,
Бар дасташ офарин, ки маро инчунин сиришт.
Соқӣ, биёр ҷоми маеро, ки Ҷам ниҳод,
Мутриб, бисоз пардаи руде, ки Зуҳра ришт.
Носир, биҳишти нася наарзад ба ними ҷав,
Одам, ки нақд дошт, ба як гандумаш биҳишт.