Ҳуснат ҳама ошӯбу ҷамолат ҳама офат,
Ҳуснат ҳама ошӯбу ҷамолат ҳама офат,
Шӯхӣ ба ту мансубу ҷафо бо ту изофат.
Эй боди саборо зи насими ту равоне
В-эй оби равонро зи хаёли ту латофат.
Гар пой равад дар раҳи ту, хавфи азим аст
В-ар сар биравад дар раҳи ту, нест махофат.
Табъи ту ба худ раҳ надиҳад хотири моро,
Ҳаргиз нашавад ҷамъ латофат ба касофат.
Бо иди висоли ту маро буъди баъид аст,
Ҳарчанд миёни ману ту нест масофат.
Носир, бизан ин хирқаи худ чок чу ғунча,
Аз ҷома чу гул чанд тавон кард зарофат?!