Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Агар дӯстонро тавон боз ёфт,

Агар дӯстонро тавон боз ёфт, Тавон аз паси марг ҷон боз ёфт. Касе к-аз фироқе ба васле расид, Дубора ҳаёти ҷаҳон боз ёфт. Шунидӣ, ки он ташна дар бодия Ҳамемурду оби равон боз ёфт. Даҳонаш бибӯсиду дар хона бурд, Чу он тир рафту камон боз ёфт. Басе бӯсаҳо зад сабо дар саҳар, Чу гулро ба ханда даҳон боз ёфт. Маро васл бояд, чӣ суд аз хаёл, Ки натвон яқин аз гумон боз ёфт. Бигӯяд ғами хеш Носир ба дӯст, Чу гул дид булбул, забон боз ёфт.
Агар дӯстонро тавон боз ёфт, | Шоирон