Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Саломе бурд, чун субҳи сабо рафт,

Саломе бурд, чун субҳи сабо рафт, Расули раҳнаварди бодпо рафт. Зи хуни дил навиштам моҷарое, Ки дар ҳиҷрони ту бар мо чиҳо рафт. Гаҳе дар пойи мо хори ҷафо зад, Гаҳе дар ҷони мо тири бало рафт. Ман аз бегона озоре надорам, Ки бо мо он чи рафт, аз ошно рафт. Аз он соат, ки ту аз ман ҷудоӣ, Чунон донам, ки ҷон аз тан ҷудо рафт, Тане, к-аз ҷон ҷудо афтод, шуд хок, Надонам ҷон, ки аз тан шуд, куҷо рафт. Агарчи Носир оҳиста занад оҳ, Вале фарёди ӯ бисёр ҷо рафт.