Анвори ваҷҳи туст, ки арзу само гирифт,
Анвори ваҷҳи туст, ки арзу само гирифт,
Кулли вуҷуд ҷуди вуҷуди шумо гирифт.
Дар нури меҳр зарраи саргашта маҳв шуд,
Лоҳутие зи ҳои ҳавоят ҳаво гирифт.
Булбул хурӯш дораду парвона сӯзи дил,
Ин барг худ надораду он худ наво гирифт.
Аз зулфи мушкранги ту меҷуст боди субҳ,
Бархост бӯю домани боди сабо гирифт.
Сад тирагӣ зи зулфи ту дар Зангубор шуд,
Якбора турки чашми ту роҳи хато гирифт.
Гарде, ки буд аз тарафи мо ба оби чашм,
Биншондаему дурдии софӣ сафо гирифт.
Шукри ту гуфт шаккари мисрӣ, азиз шуд,
Бӯйи ту ёфт нофаи оҳу, баҳо гирифт.
Биншондаем қадди туро бар канори чашм,
Ҳамвора сарви ноз каноре зи мо гирифт.
Носир муқими ҳазрати илло намешавад,
Илло касе, ки мулк ба шамшери ло гирифт.