Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

То дилам дилбар гирифт аз ҷону дил дил баргирифт,

То дилам дилбар гирифт аз ҷону дил дил баргирифт, Остин аз ҷон фишонду домани дилбар гирифт. Дид чашматро, ки дорад аз мижа чатри сиёҳ, Наргис аз хиҷлат бихоҳад тоҷи зар аз сар гирифт. Дӯш то вақти саҳар шамъ аз забони оташин Ҳар чӣ бо парвона гуфт, аз сӯзи сина дар гирифт. Уд дуде карду сӯзи хештан пинҳон бидошт, Аз ҳарифи хом оташ дар дили миҷмар гирифт. Меравад моҳи сареъус-сайр сӯйи бурҷи хеш, Хоҳад он хуршеди тобон соя аз мо баргирифт. Ҳар киро аз рӯйи хубон доғи ҳасрат дар дил аст, Боядаш чун лола дар даврони гул соғар гирифт. Ин муродам бас, ки ман аз нури рӯят равшанам, Кай тавонад заррае хуршедро дар бар гирифт? Зулф чун бар рух ниҳодӣ, зулмат омад пеши нур, Ғамза чун бар ҳам задӣ, олам ҳама кофар гирифт. Найшакар шуд килки Носир, чун лабатро васф кард, З-он ба коғаз дафтару девони ӯ шаккар гирифт.